Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, намак ва машрубот дар Тоҷикистон мутаносибан ба андозаи 39,6%, 38% ва 33,9% зиёд шуд. Дар ҳамин ҳол, дар содироти маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, бахусус хушкмева ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, ки қисмати асосии содиротро ташкил дода, маблағаш ба 28,3 млн доллар расид, низ афзоиш ба мушоҳида расид.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 4 млрд 805,9 млн сомониро ташкил дод, ки 108% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир хабар дод.
Рушди устувори соҳа давоми чандин сол
Истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа аз соли 2018, ки он замон ҳаҷми истеҳсол 5,1 млрд сомониро ташкил дода буд, устуворона зиёд мешавад. То соли 2024 ин нишондиҳанда то 11,4 млрд сомонӣ афзуд.
Нимсолаи аввали соли 2025 дар соҳаи саноати хӯроквории Тоҷикистон 48 корхонаи нав таъсис дода шуда, дар онҳо 277 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Айни замон дар ин соҳа зиёда аз 850 корхона фаъолият дорад.
Дар Вазорати саноат зикр карданд, ки ҳаҷми истеҳсол дар саноати хӯрокворӣ дар нимсолаи аввал аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти зерин зиёд шуд:
- маснуоти қаннодӣ 36,6%;
- истеҳсоли намак -38%;
- истеҳсоли нӯшокиҳои машруботӣ (спиртӣ)- 33,9%;
- нӯшокиҳои ғайримашруботӣ - 24,2%;
- макарон - 17,7%;
- орди гандум - 15,9%;
- хушкмева - 15,1%;
- шир - 12,2%;
- маснуоти ҳасиб - 3,6%;
- гӯшт - 3,1%%
- сабзавоту меваи консервшуда - 2,4%;
- маҳусулоти нонӣ - 2,2%.

Беҳтар шудани сатҳи таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ идома дорад:
- ҳиссаи нӯшокиҳои ғайримашруботӣ - 95,6%;
- гӯшт - 82,1%;
- орд - 92,5%;
- маҳсулоти ширӣ - 66%;
- маснуоти қаннодӣ - 66,4%;
- маснуоти макарон - 50,4%;
- равғани растанӣ - 16,5%.
Аз содироти маҳсулоти хӯрокворӣ Тоҷикистон беш аз 28 млн доллар даромад гирифт
Бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши содирот ба кишварҳои ИДМ, ИМА ва Аврупо устуворона идома меёбад.
Агар дар нимсолаи аввали соли 2024 маблағи содироти маҳсулоти хӯрокворӣ 27,3 млн долларро ташкил дода бошад, пас дар зарфи 6 моҳи соли равон маблағи умумии содирот ба кишварҳое чун Қазоқистон, Русия, Туркия, Олмон, Чин, Ӯзбекистон ва Гурҷистон то ба 28,3 млн доллар расид, ки 3,7% ё худ 1 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Дар ин давра 45,1 ҳазор тонна хушкмева, 16,2 ҳазор тонна - нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, 200 тонна - партовҳои саноати хӯрокворӣ, 185 тонна - намак, 1,7 ҳазор тонна - сабзавоту меваи консервшуда, 140 тонна - маснуоти қаннодӣ, 496 тонна - желатин (моддае, ки аз устухон ва пӯсти ҳайвон тайёр карда мешавад) ва 1,3 ҳазор тонна орди гандум ба хориҷи кишвар содир шудааст.






Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста