Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноати сабук аз Тоҷикистон 100 млн долларро ташкил дод, ки 61,2 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Коҳиш ба чанд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта ва ришта (калоба) дахл кард.
Ҳамчунин воридоти маҳсулоти дӯзандагӣ то 15,9 млн доллар (–18,7%) кам шуд. Соли гузашта дар ин давра ба маблағи 19,6 млн доллар маснуот ворид шуда буд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз моҳи январ то июни соли 2025 дар корхонаҳои саноати сабук (бидуни назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ) ба маблағи 1 млрд 729,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 24,5 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Суръати рушд 8,4%-ро ташкил дод. Дар ин соҳа 32 корхонаи нав ба қайд гирифта шуда, 173 нафар дар онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд.
Суръати бештари рушд дар самтҳои зерин ба қайд гирифта шуданд:
- истеҳсоли матоъи пахтаву коғазӣ 4,2% афзуда, 14,5 млн метри мураббаъро ташкил дод;
- истеҳсоли сарулибоси мактабӣ 5,1% афзуда, то 1,3 млн адад расид;
- истеҳсоли қолинҳо 3,6% (3,7 млн метри мураббаъ)
- коркарди пӯст - 13,3% (зиёда аз 330 ҳазор дона).
Содироти маҳсулоти дӯзандагӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Беларус 1331 тонна ба маблағи 15,9 млн долларро ташкил дод. Сарфи назар аз коҳиши ҳаҷм дар муқоиса бо соли гузашта (соли 2024 - 1604 тонна), дар ифодаи пулӣ содирот ба миқдори 2,8 млн доллар зиёд шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар як қатор мавқеъҳо коҳиш ба қайд гирифта шуд. Истеҳсоли нахи пахта ва риштта кам шуд - 10,97 ҳазор тонна нахи пахта, 9 ҳазораш аз он - ришта.
Сабабҳояш коҳиши талабот дар хориҷа ва рақобатпазирии сусти маҳсулоти ватанӣ унвон мешавад.




