Дирӯз, 28-уми август, дар Душанбе бо иштироки намояндагони Оҷонсии мубориза бо фасод, Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва коршиносону рӯзноманигорон “Нақши расонаҳо дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ” баррасӣ гардид.
Дар ин чорабинӣ, аз ҷумла, қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, аҳамияти пешгирии фасод дар рушди иқтисоди кишвар, инчунин ва тартиби гузаронидани аудити мустақили давлатӣ ва аҳамияти он дар банақшагирии буҷети давлатӣ, оммавӣ кардани натиҷаҳои аудити мустақили давлатӣ ва дигар мавзуҳое, ки ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ рабт дошт, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Нуриддин Сайфиддинзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Оҷонсии зиддифасод пиромуни нақши расонаҳо дар пешгирии фасод ва ҳамкории Оҷонсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбат кард.
“Васоити ахбори омма дар самти таблиғу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ нақши хеле муҳим дорад ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт ба паст кардани шиддати коррупсия дар миқёси кишвар мусоидат мекунад. Бинобар ин ҳамаи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои миқёси мамлакат ва расонаҳоро зарур аст, ки дар таҳия ва пешкаши аҳолӣ намудани маводҳои зарурӣ вобаста ба оқибатҳои вазнини ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ фаъолона ширкат намоянд”, - гуфт Сайфиддинзода.

Ӯ бо ишора ба таҳлилҳо гуфт, “аксари ҷиноятҳои коррупсионии бақайдгирифташудаи солҳои охир, аз надонистани қонунгузории зиддикорррупсионӣ дар кишвар содир шудаанд” ва маҳз бо роҳи тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия тавассути расонаҳо, сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта мешавад.
Дар идома, намояндаи Оҷонсии зиддифасод ба суоли журналистон, ки бевосита ба фаъолияти ин ниҳод рабт дошт посух дод. Аз ҷумла, рӯзноманиргорон аз фаъолияти то ҷое сусти ин ниҳод бо расонаҳо нигаронӣ карданд ва намояндаи Агентӣ ваъда карданд, ки дар оянда ҳамкориро рушд медиҳанд.
Валимат Мавлонзода, сардори Раёсати аудити самаранокии Палатаи ҳисоб оид ба оммавӣ кардани натиҷаҳои аудити мустақили давлатӣ, ки аз сӯи ин ниҳод гузаронида мешавад, суханронӣ кард ва гуфт, ин ниҳод “аз натиҷаҳои фаъолияти худ мунтазам ҳисобот нашр мекунад”.
“Нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти аудиторӣ барои арзёбии сифати фаъолият барои парлумон, шаҳрвандон, васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ интишор мегардад”, - гуфт намояндаи ин ниҳод.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, Палатаи ҳисоб дар бораи натиҷаҳои кунунии фаъолияти аудитории худ, аз ҷумла, дар бораи иҷрои умумии буҷети давлатӣ, вазъи молиявӣ, амалиёт, ҳолати кунунии идоракунии молиявӣ дар сурати зарурат ошкоро ҳисобот манзур менамояд.

Ба қавли ӯ, ин ниҳод метавонад дар асоси нигаронии ҷомеа дар ин ё он ниҳод ҷиҳати истифодаи маблағи аз буҷет ҷудогардида санҷиш гузаронад.
Ин чорабинӣ дар доираи силсиламаҳфилҳои журналистикаи иқтисодии “Тавозун”, аз сӯи созмони ҷамъиятии “Хома” баргузор шуд.
Хурсандмурод Ҳакимов, коршиноси мустақил дар бораи нақши ҳуҷҷатҳо ва барномаҳои давлатӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва аҳамияти пешгирии фасод дар рушди иқтисоди кишвар ҳарф зад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна барномаи давлатӣ вобаста ба иқтисод бо стратегияҳои миллии рушд ҳамоҳанг гардонида мешавад ва баъди иҷрои ҳар давра тариқи мониторинг арзёбӣ мешавад.
Номбурда дар асоси таҳлилҳои ниҳодҳои алоҳида иттилоъ дод, ки соли 2024-ум 845 парвандаи коррупсионӣ аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод ошкор шудааст, ки аз ин шумора, 65% ба порагирӣ ва сӯиистифода аз мансаб марбут буданд.
“Дар муқоиса бо соли 2020, шумораи парвандаҳо 20% коҳиш ёфтааст, ки ин нишонаи самаранокии чорабиниҳои стратегӣ мебошад,- гуфт вай.

Дар поёни маҳфил хабарнигорон ба суолҳои хеш аз коршиносон посух гирифта, таклифу эродҳои худро низ ироа карданд.
Бояд гуфт, ки Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод дар шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 245 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро, ки аз ҷониби 710 нафар содир гардидааст, ошкор кардааст. Вобаста ба ин, 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста