Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии биноҳои муосири анбор тақрибан 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки пасттарин нишондиҳанда дар минтақа аст. Дар ин бора ширкати "NF Group" маълумот медиҳад.

Дар ҳоле, ки талабот дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо асосан аз ҳисоби иншооти кӯҳнашудаи давраи шӯравӣ ва биноҳои начандон бузурги хусусӣ қонеъ гардонида мешавад, мавҷуд набудани марказҳои логистикии бузург, рушди тиҷоратро боздошта, ҷолибияти кишварро барои сармоягузорон коҳиш медиҳад. Ғайр аз ин, релефи кӯҳии Тоҷикистон имкони сохтмони иншооти бузург барои анборро маҳдуд месозад.

 

Тафовути минтақавӣ

Вале ба фарқ аз Тоҷикистон, дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) афзоиши босуръати анборҳо мушоҳида мешавад.

Қазоқистон дар соли 2025 аз Беларус пеш гузашта, аз лиҳози анборҳо дар байни кишварҳои ИДМ ба зинаи дуюм баромад - 1,78 млн мери мураббаъ, ки қариб 80%-и чунин иншоот дар Алмато ва Остона ҷойгир шудаанд.

Ин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон тақрибан ба 555 ҳазор метри мураббаъ баробар буда, дар ҳамин ҳол, сатҳи анборҳои холӣ дар Тошканд ҳамагӣ 1,7%-ро ташкил медиҳад, ки ба норасоии шадиди чунин иншоот ишора мекунад.

Қирғизистон иқтидорҳояшро фаъолона тақвият дода, ният дорад дар чанд соли наздик беш аз 360 ҳазор метри мураббаъ анборҳои навро ба истифода диҳад.

Акси марбута аз торнамои ozon.kz

 

Фонди кӯҳна ба ҷойи маҷмааҳои нав

Акасри биноҳои анбор дар Тоҷикистон ба дараҷаи “В” мансуб буда, барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва борҳои гумрукӣ истифода мешаванд. Маҷмааҳои муосири дараҷаи “А” амалан мавҷуд нестанд.

Дар семоҳаи сеюми соли 2024 дар Тоҷикистон ягон иншооти нави анбор ба истифода дода нашуда, майдонҳои холӣ пурра мавриди истифода қарор доранд.

Дар солҳои 2024-2025 се лоиҳаи маҷмааҳои анбор бо масоҳати умумии зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла Маркази минтақавии логистика ва савдо дар Хуҷанд дар доираи долони Шимкент - Тошканд - Хуҷанд бо дастгирии Бонки осиёии рушд, иншоот барои анборҳо дар Душанбе ва маҷмааи хусусӣ дар паҳлӯи фурудгоҳи Хуҷанд муаррифӣ шуданд. Арабистони Саудӣ ба бунёди марказ (хаб)-и логистикӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

 

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон рушди зерсохтори логистикиро бозмедорад

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон монеаи асосӣ аст. Зиёда аз 90%-и қаламрави кишвар аз кӯҳҳо иборат буда, барои лоиҳаҳо дар самти логистикаи қитъаҳои муносиб хеле кам аст. Иқтисодшиносон зикр мекунанд, ки сохтмони анборҳо мустақиман ба афзоиши содироти маҳсулоте, ки ба ашёи хом мансуб нестанд ва ҷалби сармоягузорӣ марбут аст. Русия, Чин ва кишварҳои Ховари Миёна ба бунёди занҷираҳои нави логистикӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Релйефи кӯҳии Тоҷикистон монеъаи асосӣ барои сохтмони иншооти бузург барои анборҳо мебошад
Акс аз торнамои pic.rutubelist.ru

Мувофиқи пешгӯиҳо, ҷумҳурӣ метавонад роҳи Қирғизистонро, ки дар он ҷо фаъолона сохтмони анборҳо ба нақша гирифта шудааст, такрор кунад. Лекин барои ин сармоягузориҳои ҷиддӣ ба иншооти зерсохтор - аз минтақаҳои саноатӣ то пайваст шудан ба шоҳроҳҳои нақлиётӣ лозим аст. Дар дурнамои дарозмуҳлат ин бахш метавонад ба муҳаррики тиҷорати электронӣ ва содироти молу маҳсулот, ки ба ашёи хом мансуб нестанд, табдил ёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.