Салиби Сурхи Олмон ва Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси муаррифӣ ва ифтитоҳи лоиҳаи нави "Коҳиши хавфи офатҳо дар ш.Душанбе"-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон маблағгузорӣ шудааст, баргузор намуд.

Тавре аз Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷиҳати иштирок намудан дар конфронси мазкур нафарони зиёди манфиатдор, аз ҷумла намояндагони баландмақом аз ҳукумати шаҳри Душанбе ҷаноби  Насрулло Хайруллоев, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе;  аз Сафоратхонаи Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон - ҷаноби Паскал Рихтер, муовини сарвари намояндагӣ;  аз Кумитаи Байнулмиллалии Салиби Сурх (КБСС) - хонум Дебора Шмара, какили ҳамкорихои КБСС;  аз Федератсияи Байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБССҲА) – хонум Рафоат Болтабоева, менеҷери молияи ФБССҲА;  намояндагони Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Ҳолланд, Салиби Сурхи Финландия ва Салиби Сурхи Амрико;  аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) - подполковник Рустам Сулаймонов, муовини сардори Раёсати омодасозии наҷотдиҳандагон; полковник Муҳаммадчон Кенҷаев, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ш.Душанбе;  президенти ҶҲАТ - ҷаноби Ғиёсиддин Мироҷов; аз Институти Сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовари Академияи илмҳои Тоҷикистон (ИССЗТ) - ҷаноби Фаршед Каримов, сарвари лабораторияи санҷишҳои сейсмологӣ;  аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе - хонум Гулнора Бобоева; раисони панҷ кумитаҳои маҳаллӣ ва сарварони панҷ мактабҳои таҳсилоти миёнаи зери лоиҳа қароргирфташуда, ҳамчунин дигар шарикони ҳамкор ва тарафҳои манфиатдор ҷамъ омаданд.

 Лоиҳа панҷ маҳаллаҳои аҳолинишинро, ки дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт, яъне қисмати шимолу-шарқии шаҳри Душанбе, ҷой гирифтаанд, зери ҳадафи худ қарор додааст. Ин минтақаҳо пас аз гуфтушунид ва маслиҳат бо мутахассисони ИССЗТ ва КҲФ МГ, ҳамчунин намояндагони мақомотҳои иҷроия, бо назардошти ҷойгиршавии ин мавзеъҳо дар минтақаҳои хавфноки ба офатҳои табиӣ осебпазир, аз ҷумла хатарҳои сейсмикӣ ва дигар хавфҳо ба мисли селу обхезӣ ва ярчҳо интихоб шудаанд.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани устуворӣ ва пурзӯр кардани иқтидори аҳолиҳои панҷ маҳаллаҳо ва мактабҳо мебошад, то ки онҳо дар мавриди рух додани офатҳои табиӣ, махсусан заминларзаҳо омодагии хуб дошта бошанд.   Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ лоиҳа аз воситаҳои иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳаматарафа дар самти коҳиши хавфи офатҳо дар сатҳи маҳал ва мактабҳо истифода менамояд.

Маблағгузории лоиҳаро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон якҷоя ба зимма гирифтаанд ва барои иҷрои он Бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе масъул мебошад. Мӯҳлати иҷрои лоиҳа 18 моҳ, - яъне то охири соли 2012-ум аст.