Миёни толибилмони ду мактаби таҳсилоти умумии пойтахт ҷанҷолу занозанӣ ба вуқӯъ пайваста,  дар натиҷа ду нафар толибилмон захми сабуки корд гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, занозаниву афтударафт бо истифодаи корд миёни хонандагони мактабҳои №20 ва №88 рӯзи ҷумъа, 9-уми март сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти ВКД, аз ин ҷанҷол хонандагони мактаби № 20, ки дар наздикии он занозанӣ ба вуқӯъ пайвастааст, осеб дидаанд. Айни замон ба тафтишоти қазияи мазкур шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур машғул аст. «Сабаб ва саркардагони занозанӣ муайян карда мешаванд. Ба осебдидагон кӯмаки тиббӣ расонида шуда, ба саломатии онҳо чизе таҳдид намекунад», - гуфтанд дар вазорат.

Ин ҳодисаи дуюм тайи соли ахир аст, ки толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ зимни ҷанҷол аз корд истифода мекунанд.