Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки рӯзи гузашта тақрибан соати 05:00-06:00 дар бозори масолеҳи сохтмонии Бутовойи шимолӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Варшавска 166 ҳодисаи сӯхтор рух дод.
Гуфта мешавад, аз лаҳзаи оғоз, гуруҳи корӣ дар ҳайати кормандони Сафорат ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР ташкил карда шуд ва онҳо ҷиҳати муайян намудани ҳолати фоҷиа, шахсони ҷабрдида ва ҳалокгашта ба ҷои ҳодиса фиристода шудаанд.
Тибқи маълумоти бадастомада, ин сўхтор дар яке аз анборҳои дуошёнаи (ангар) Маркази савдо рух дод, ки дар он 17 нафар ҳалок гардиданд. Муайян карда шуд, ки миёни ҷабрдидагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуданд.
Сафорат ва Намояндагии Хадомоти Муҳочирати Тоҷикистон дар Россия бо мақомоти Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва фавқулодда, инчунин муфаттишони Кумитаи тафтишот дар алоқаи доимӣ буда, пайваста вазъро назорат доранд.
Дар ҳамин ҳол, ВАО-и Русия хабар дода буданд, ки ҳамаи 17 тан ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аммо қотеона наметавон гуфт, ки миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд ё на, зеро ҷасадҳо хеле сахт сӯхта, қариб шинохтанашавандаанд ва шояд барои муайян кардани шахсияти фавтидагон баргузор намудани ташхиси генетикӣ лозим ояд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста