Бар асари заминларза, ки субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон рух дод, як нафар ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳандис-геофизики Хадамоти геофизикии Академияи улуми ҶТ Зӯҳро Нилобекова хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Дшанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Дар минтақаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун қувваи он ба 4-5 балл баробар будааст.
Бино ба маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расидааст.
«Ҳамчунин дар ин минтақа тарқиши замин ба амал омада, якчанд манзили зист ва беш аз 20 сар чорвои хонагӣ зери замин фурӯ рафтаанд», - гуфт котиби матбуотии КҲФ ва МГ Наргис Нурова.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар рустои Лангараки ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бар асари заминларза ярч фаромада, ду манзили зист ва дигар биноҳои ёрирасонро хароб сохтааст.
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста