Шоми рӯзи панҷшанбе дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар қаламрави вилояти Суғд заминларза рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳандис-геофизики Хадамоти геофизикии Академияи улуми ҶТ Татяна Дмитриева хабар дод, заминҷунбӣ соати 20 бо вақти Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Маркази заминларза дар 147 километрии шимолу шарқи Душанбе дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, 10 километрии шаҳри Истаравшан ва 72 километрии шаҳри Хуҷанд воқеъ будааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 4 ва шаҳри Истаравшан 3-4 баллро ташкил додааст. Ба гуфтаи мутахассис, алҳол аз ноҳияҳои дигари минтақаи шимоли кишвар маълумоте дастрас нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 13-уми май, бар асари заминларзаи харобиовар дар минтақаи шарқи кишвар даҳҳо оила бесарпаноҳ монданд. Маркази заминларза дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид. Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дода буд.

Рӯзи 16-уми май сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз макони бар асари заминларза харобшудаи ноҳияи Тавилдара боздид намуда, бо оқибатҳои офати табиӣ аз наздик шинос ва бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард. Мутобиқи маълумоти ба сарвари давлат пешниҳодшуда, дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза 105 манзили зист пурра ва боз 155 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд. Дар ноҳияи Рашт ин шумор мутаносибан 8 ва 16 ададро ташкил медиҳад.