Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки чанде қабл дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, ду нафар роҳгузарон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Ҳакимҷон Насриддинови 41-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди самти Душанбе-Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагард Насриддинов Шерзоди 28-сола, сокини деҳаи Конститутсияро пахш намудааст. Дар натиҷа Насриддинов Ш.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар шаҳри Конибодом рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-Сиело» Манзура Ҷӯраеваи 40-сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ленин, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Таваккал Исмоилови 47-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.