Дар мавзеи наздики фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ як ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба садама дучор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, чанде қабл зимни анҷом додани парвози тамринӣ ҳавопаймои Як-52 ба садама дучор гардида, бар асари он ду халабони он – капитан Суҳроб Бойпочоев ва капитан Алексей Кошелев ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ идома дошта, сабабҳои рух додани садама таҳқиқ мешаванд.