Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда рух доданд, се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл зимни ҳаракат дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Ориён» ронандаи автомашинаи «УАЗ-469», сокини 41-солаи шаҳри Панҷакент Қаҳрамон Тӯронов Гулсара Рустамоваи 25-соларо бо мошин пахш мекунад, ки дар натиҷа зан бар асари ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи шанбе, 15-уми сентябр, зимни ҳаракат дар роҳи Конибодом-Ғафуров ронандаи автомашинаи «Дэу», сокини 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Бобоев низ аз беэҳтиётӣ сокини 51-солаи ноҳияи мазкур Мазбут Аҳмедовро бо мошин пахш карда, боиси ҳалокати ахирӣ мегардад.

Худи ҳамон рӯз дар Ҳисор ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра», сокини 37-солаи ноҳияи Ҳисор Шоҳимардон Хоҷаев навраси 14-сола Фирдавс Илҳомзодаро бо мошин пахш намуда, дар натиҷа наврас ба ҳалокат расидааст.

Ғайр аз ин, бар асари ба ҳам бархӯрдани ду автомашина дар километри 122-юми роҳи мошингарди Кӯлоб-Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», сокини 62 солаи пойтахт фавтид. Ронандаи автомашинаи дигарӣ осеб надидааст.