Марги модари ҷавон бо кӯдакаш дар вилояти Суғд ҳодисаи нохуш набуда, балки натиҷаи худсӯзист.

Қаблан хабар дода шуд, ки бар асари сӯхтор дар манзили сокини деҳаи Чӯянчии ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ Мансур Шокиров, келини 23-солаи ӯ бо духтарчаи 2-солааш ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз прокуратураи ноҳияи Ғончӣ хабар доданд, аз рӯи натиҷаҳои ташхиси кимиёвӣ муайян карда шудааст, ки модари ҷавон аз болои худ ва духтарчаи хурдсолаш солярка пошида, сипас ба он оташ задааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз рӯйи ин далел нисбат ба Хуршед Шокиров, бародари 38-солаи ҳамсари марҳум прокуратураи ноҳия мутобиқи моддаи 109, қ. 2-и КҶ ҶТ (То ба худкушӣ оварда расонидан) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтиш идома дорад.

«Х.Шокиров дар як ҳавлӣ ҳамроҳ бо волидайн ва ҳамсари бародараш иқомат дошта, бародараш – ҳамсари марҳум дар муҳоҷирати Русия қарор дошт. Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, Хуршед Шокиров мудом ҳамсари бародарашро мавриди лату кӯб ва назди аъзои оила таҳқир мекардааст, ки дар натиҷа ҷавонзан сабру тоқатро аз даст дода, даст ба худкушӣ мезанад», - зикр кард сарчашмаи хабар.

Бино ба маълумоти Раёсаати ВКДҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашуда буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи чунин парвандаҳои ҷиноӣ 9 ададро ташкил дода буд.