Дар таърихи 18 июни соли 2013 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе «Ҷаласаи миллии паст кардани хатари офатҳои табиӣ оид ба омӯхтани таҷрибаҳои беҳтарин ва машваратҳо барои оянда» баргузор мегардад.

Ҷаласа аз тарафи ҳамкорони ДИПЕКО ба мисли Оксафам, БРСММ, ЮНИСЕФ, ТУТ, Корпуси Шавқат, Welthungerhilfe, ФОКУС ва АКТЕД бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо оид ба Кӯмаки Башардӯстона ва Ҳифзи Шаҳрвандон (ECHO) ташкил карда мешавад.

Ташкилотҳои дар боло зикршуда барои пурқувваткунонии зарфиятҳои мавҷуддоштаи кишвар оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ҳамкории зичро бо Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои Маориф ва Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.

Ҳадаф аз гузарондани чунин ҷаласа аз он иборат аст, ки шарикон таҷрибаҳои беҳтаринро аз ҳамдигар омӯхта, машваратҳоро барои оянда дар пасти кардани хатари офатҳои табиӣ муаян мекунанд. Иштироккунандагон имконият доранд, ки дар баҳсҳо оида ба паст куардани хатари офатҳои табиӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ бо диққати махсус ба зарфиятсозии ниҳодӣ ва усулҳои сафарбаркунии ҷомеа ширкат варзанд. 

Директори ташкилоти байналхалқии Оксфам дар Тоҷикистон мӯҳтарам Ғозӣ ал-Келонӣ гуфт, ки «Ҷаласа имкониятҳои бузургро барои ташкилотҳое, ки дар паст кардани хатари офатҳои табиӣ кор мекунанд фароҳам меоварад, то онҳо битавонанд таҷрибаҳои беҳтаринро аз ҳамдигар биомӯзонанд. Натиҷаи ҷаласа мушкилотҳо ва имкониятҳоро боз ҳам рӯшан мекунонад ва барномарезиро барои оянда оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон муаян менамояд».

Дар тӯли солҳо лоиҳаҳои ДИПЕКО бо маблағгузорри Иттиҳоди Аврупо оид ба Кӯмаки Башардӯстона ва Ҳифзи Шаҳрвандон барои зарфиятсозии ниҳодӣ ва ҷомеавӣ кӯмаки зиёдро расондаанд. Чунин лоиҳаҳо саҳми назаррасро барои беҳтар намудани устуворнокӣ дар Тоҷикистон ва барои ҷалби гурӯҳҳои осебпазири лоиҳа ба мисли занон ва кӯдакон дар идора кардани хатари офатҳои табиӣ расондаанд.

Бисёр муҳим аст, ки чунин дастовардҳо қадр кардонида шаванд ва кӯмак дар паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода шавад. Барои ниҳодонидани усулҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ, рушди сохторҳо ва ҳамоҳансозии миханизмҳо кӯмаки иловагӣ лозим аст.

Намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарама Лайлӣ Моширӣ гуфт: «Интегратсиякунонии омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва мактаб бисёр муҳим аст, чунки дониши муаллимон ва мактаббачагон кам кардани зарари офатҳои табииро кафолат медиҳад. Барои ҳамкорони дахлдор лозим аст, ки вазифаҳои хизматиашонро дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ хуб дарк бикунанд ва бояд бидонанд, ки чӣ хел бояд якҷоя кор кунанд.  Ҳамаи ҳамкорони ДИПЕКО дар доираи бартараф кардани бечорагӣ ва ҳифзи муҳити зист кор мекунанд. Ҳамкорӣ ва ҷалби сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, секторҳои хусусӣ ва ихтиёриён мақсади мо мебошад. Дар якҷоягӣ мо метавонем захираҳоро зиёд кунем ва хизматрасонии босифатро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоем».