Чанде қабл автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар автомашинаи чаппашуда гурӯҳи афсарону сарбозон ҷиҳати хизмати минбаъда ба вилояти Суғд раҳсипор шуда буданд.

«Бар асари ин садама лейтенант Баёнқул Холов ҳалок ва ду афсару 31 нафар сарбозон бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази миллии солимии Тоҷикистон ва госпитали Вазорати мудофиаи дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд», - гуфт Маҳмадалиев.

Ба қавли ӯ, аз рӯйи ин далел нозироти ҳарбии автомобили Вазорати мудофиа санҷиш доир мекунад.