Нимаи имрӯз, 24-уми июн дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Чӣ тавре ки аз Хадамоти геофизики Академияи илмҳои ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, таъсири заминларза дар қаламрави ҷумҳурӣ соати 13:06 дақиқа ба вақти маҳаллӣ эҳсос шудааст.

«Маркази заминларза дар 135 километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 37 километрии ҷануби ноҳияи Фархор воқеъ буд», - гуфтанд дар хадамоти мазкур.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашуданд.