Маҳуд Норқулови 7-сола бо сабаби беэҳтиётии ронандаи автомобили тамғаи «Хафей» - Умед Ҷонмаҳмадови 36-сола вафот кард.


Тавре ба ОИ «АП» аз дафтари матбуоти Раёсати ВКД-и вилояти Суғд хабар доданд, ҳодиса як рӯз пеш рӯх дода, ронандаи ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии ша ҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи мошинаш баромада натавониста кӯдаки 7-соларо, ки аз роҳ мегузашт, мезанад. Дар натиҷа писар хурдсол бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ба ҳалокат расид.

  Бино ба маълумоти ШБДА РВКД дар вилояти Су ғд, дар давоми панҷ моҳи соли 2013 дар роҳҳои мошингарди шаҳрҳо ва навоҳии шимоли кишвар 114 (2012-95) садамаи автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар пайи онҳо 45 (2012-46) нафар ба ҳалокат расида 119 (2012- 96) нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз аввали сол бо иштироки кӯдакон 23 (2012-21) садамаи нақлиётӣ рӯх додааст, ки дар пайи онҳо 10 (2012-6) тан фавтида, 15 (2012-16) нафаридигар ҷароҳат бардоштанд.