Шумораи ноболиғоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 6 дарсад афзудааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.

Чунонки Сумангул Тағоева, раиси кумитаи мазкур зимни нишасти матбуотие, ки 26-уми июли соли ҷорӣ баргузор гашта буд, изҳор дошт, ҳолатҳои ба худкушӣ даст задани ноболиғон ва занон дар тамоми дунё ба назар мерасад ва Тоҷикистон аз ин истисно нест. Мавсуф иттилоъ дод, теъдоди умумии заноне, ки даст ба худкушӣ задаанд, 164 нафарро ташкил медиҳад ва ин назар ба соли гузашта 4 адад камтар аст. «Вале мутаассифона, ин раванд дар байни ноболиғон зиёд шудааст», - илова кард ӯ.

Зӯроварӣ дар оила назар ба соли гузашта 15,42% афзудааст ва теъдоди нафарони ба хушунати хонаводагӣ гирифторшуда имсол аз 18% бештар шудааст. Вале тахмин меравад, ки теъдоди аслии чунин нафарон бештар аст, чун на ҳамаи занон ва ноболиғон аз вазъияти ногувори оила шикоят мебаранд.

Шаҳобиддин Мирзоаҳмедов, сармутахассиси ш ӯ ъбаи ташкилии ҳуқуқ ва иттилооти кумитаи мазкур сабабҳои зиёд шудани теъдоди худкушӣ дар байни занон ва ноболиғонро чунин шарҳ дод: «Дар қатори чанд масъалаи доғи рӯз ба худкушӣ ва худсӯзӣ даст задани шаҳрвандон низ масъалаи ташвишовар аст. Бадбахтона, вақтҳои охир ба ин кор даст задани занон ва духтарон, аз ҷумла, духтарони ноболиғ бисёр мушоҳида мешавад. Даст ба худкушӣ задани занону духтарон як ҳодисаи нангин аст ва чанд омиле ҳаст, ки ба ин ҳолат оварда мерасонад. Агар яке аз сабабҳо гирифтории бемории руҳӣ бошад, дигараш муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва зуроварӣ дар оила аст, ки дар маҷмӯъ ба ин ҳолат оварда мерасонад».

Ба қавли мавсуф, дар байни ноболиғон зиёд шудани теъдоди худкушӣ дар бисёр ҳолат ба муҳити носозгор рабт дорад. Тибқи иттилои расмии Кумита,  зӯроварӣ дар оила  назар ба соли гузашта 15,42% афзудааст ва теъдоди нафарони ба хушунати хонаводагӣ гирифторшуда имсол аз 18% бештар шудааст. Вале, ба гуфтаи масъулини Кумита, тахмин меравад, ки теъдоди аслии чунин нафарон бештар аст, чун на ҳамаи занон ва ноболиғон аз вазъияти ногувори оила шикоят мебаранд.

Ба гуфтаи Шаҳобиддин Мирзоа ҳ медов, носолимии оилаҳои тоҷик ноболиғонро на танҳо ба худкушӣ, балки ба ҷиноят ҳам меорад. «С абаби асосии б а ҷиноят ва оворагардӣ даст задани ноболиғон дар хона муҳити солим надоштани бархе аз онҳо аст: падару модар надоранд, аз ҳам ҷудо шудаанд, ё низоъ доранд. Ҳамаи ин таъсир мерасонад».

Аз рӯйи маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, теъдоди ҷиноёти содиркардаи ноболиғон дар нимсолаи аввали 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30% афзудааст.

Дар ҳама ҳолатҳои хушунати оилавӣ, сарфи назар аз он ки зан таҳти зӯроварӣ қарор мегирад ё мард, пеш аз ҳама кӯдакону наврасон азоби рӯҳӣ мекашанд.

Аммо то чӣ андоза носолимии муҳити оила метавонад ба боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ ва ё худкушӣ миёни ноболиғон таъсир расонад? Ба гуфтаи директори Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Намозхон Бобоев, муҳассилини ин муассиса асосан аз оилаҳои носолиманд. Теъдоди тарбиятгирандагони он 50 нафарро ташкил меди ҳ ад ва м ӯ ҳлати фарогирии онҳо 3 сол аст.

«Дар аввал, вақте бача ба ин мактаб меояд, аз ин розӣ нест. Чун мебинад, ки мактаб сохтор ва низоми кории хоси худро дорад. Ӯ мехоҳад озод бошад, махсусан дар назди падару модараш бошад. Вале аз сабаби он ки баъзе падару модарон майнӯшӣ мекунанд, нашъамананд ё оилаи дигар барпо кардаанд, бачаро қабул карда наметавонанд. Падарандар ва ё модарандар намехоҳанд кӯдакро ба хона роҳ диҳанд. Бача дилаш аз хона, аз ҷамъият хунук мешавад. Ҷамъият ба ҳоли ин кӯдакон бетараф аст».

Олими 12-сола (ном тағйир дода шудааст) зодаи Ҷилликӯл буда, зоҳиран аз синну соли аслиаш хурдтар менамояд. Дар сӯҳбат ӯ қайд кард, ки чанд маротиба дар фикри худкушӣ будааст.

«Дар хонаамон боре нохост хоҳарамро аз болои рахти хоб ғалтондам. Модарам маро бо оҳан бисёр зад. Сахт зарба хӯрдам. Хоҳарам бошад, баъд аз 3-4 моҳ аз дунё гузашт. Падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд. Хоҳарам аз падарандарам буд. Маро аз хона ронданд. Баъд ман ба хонаи холаам омадам. Аз хонаи холаам низ ронданд. Баъд ба хонаи бибиам рафтам. Дар хонаи бибиам низ ҳамагӣ ду ё се моҳ будам. Дар бозорҳо мегаштаму талбандагӣ мекардам. Ягон кас маро дар ин ҷо хабар намегирад. Хола дорам, назди ӯ пагоҳ хабаргирӣ меравам. Ӯ гуфт, ки биёям, баъд боз маро ба ин ҷо мефиристад. Боз ин ҷо бармегардам ва таҳсиламро давом медиҳам. Ин мактаб ба ман хеле маъқул аст», - гуфт Олим.

Аз рӯйи маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, теъдоди ҷиноёти содиркардаи ноболиғон дар нимсолаи аввали 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30% афзудааст.

Чӣ гуна метавон ба ҷабрдидаи хушунати оилавӣ мадад кард, то дар ҳолати мушаввашӣ даст ба худкушӣ назанад ва ё аз сабаби наёфтани чора ба ҷиноят рӯ наоварад?

Ба гуфтаи равоншиноси Маркази бӯҳронии «Боварӣ» Заррина Кенҷаева, қишри осебпазири ҷомеа кӯдакон ҳастанд. Дар ҳама ҳолатҳои хушунатӣ оилавӣ, сарфи назар аз он ки зан таҳти зӯроварӣ қарор мегирад ё мард, пеш аз ҳама кӯдакону наврасон азоби рӯҳӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, волидон дар ҳолати сар задани якдигарнофаҳмӣ ҳатман бояд ба марказҳои бӯҳронӣ ё машваративу иттилоотӣ муроҷиат кунанд. Дар ин марказҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон метавонанд ба онҳо саривақт кӯмак расонанд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, дар саросари кишвар айни замон танҳо 1 маркази бӯҳронии «Боварӣ» дар назди ин Кумита фаъолият мекунад ва теъдоди марказҳои машваративу иттилоотӣ ба 105 адад мерасад.