Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 17-уми август дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух дод, ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и ВКД ҶТ хабар дод, дар километри 254-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ронандаи автомашинаи «Тойота-Кэмри» Нурулло Бузмаков аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, роҳгузар Кибриё Холназароваи 29-соларо бо автомашинааш пахш мекунад ва сипас ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел» таҳти идораи Акмал Мансуров бармехӯрад.

«Бар асари ин садама ҳашт нафар, аз ҷумла мусофирони ҳарду автомашина, ронандаи автомашинаи «Опел» ва роҳгузари зикршуда ба ҳалокат расиданд. Ду нафар бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарианд», - гуфт манбаъ.