Шаби гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон панҷ нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маъмурияти шаҳри Исфара хабар дод, дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, ду набера ва боз як хешаш кушта шудаанд.

«Бинои саҳроии хоҷагии деҳқонӣ дар қаламрави баҳсӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеъ буда, бо ҳамин сабаб ҳукуматдорони маҳаллӣ алҳол аз ҳама гуна шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар робита бо ин ҷиноят нимаи аввали имрӯз дар Исфара аз ташрифи ҳайати баландпояи ВКД Тоҷикистон интизорӣ доранд.