Дар ҷараёни як амалиёти махсус кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд як зани 27-сола, сокини шаҳри Хуҷандро аз гирифторӣ ба ғуломии шаҳвонӣ наҷот доданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, рӯзи 27.07.с.2013 муайян карда шуд, ки шаҳрванд Оиша Абдухалиловаи 41-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия кору зиндагӣ мекунад, бо мақсади истисмори шаҳвонӣ шаҳрванд Муҳайё Исмоиловаро ҷалб намуда, сипас рӯзи 04.08.с.2013 ба тариқи электронӣ ба хатсайри Душанбе-Истанбул чиптаи ҳавопаймо дастрас кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа шаҳрванд Исмоилова М.А. ҳангоми бақайдгирӣ аз хатсайри мазкур бозпас гардонида шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.