Дар садамаи қатораи масири Душанбе-Хуҷанд гунаҳкор будани роҳиоҳанчиёни ӯзбек аз эҳтимол дур нест.
Як манбаъ аз мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар қисмати роҳи оҳани ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз ҷониби корхонаи давлатии «Ӯзбекистон темир йӯллари» корҳои таъмир анҷом дода мешуданд.
«Тоҷикистонро дар бораи таъмир дар ин қитъаи роҳ ва кандани релсҳо дар он огаҳ накарданд. Комиссияи мо дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Вазорати нақлиёт дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, сабабу ҳолатҳои рух додани садамаро таҳқиқ доранд», - гуфтанд дар корхона.
Ба иттилои манбаъ, ин қатора ҳамчун хатсайри доимӣ амал накарда, бо дархости Вазорати мудофиа ба роҳ баромад ва ду рӯз қабл аз сафар бо наваскарону афсарон роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳамтоҳои ӯзбеки худро дар бораи замони убури қатора дар қаламрави Ӯзбекистон тавассути телефонограмма огаҳ карда будаанд.
Дар корхона ҳамчунин ёдовар шуданд, ки ҳафтае пеш бо ҳамин тарз тавассути қаламрави Ӯзбекистон қатора бо навасакарон ба шимоли ҷумҳурӣ сафарбар шуда, то нуқтаи таъинот бидуни мушкилие расид, аммо ин дафъа Тоҷикистонро дар бораи корҳои таъмир огаҳ накардаанд, ҳарчанд ҷониби Ӯзбекистон аз ин огоҳ карда шуда будааст.
Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста