Садамаи  рӯзи  9 - уми октябр дар шаҳри Душанбе рухдода, ки боиси ҳалокати се нафар гардид, масъалаи мавзӯи рӯзи васоити ахбори омма гардидааст. Раиси КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз «маводи нашршуда дар чанде аз ВАО дар бораи гунаҳкории писараш ба садамаи фоҷеабор» изҳори нигаронӣ намуд. 

Дар изҳорот   зикр мегардад, ки д ар сар задани садамаи мазкур, бо ишора ба сарчашмаҳои гуногун писари Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло Расули Амонуллоро айбдор  мешуморанд,  ҳол он ки гуноҳи ӯро мақомоти дахлдор ҳанӯз муайян накардаанд ва худи Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳодисаро муаммо мешуморад.

- Агар писари ман гунаҳкор бошад, бигузор конун дар ҳаққаш кадом ҷазое, ки раво бошад, бубинад, вале  мақомоти дахлдор гуноҳ доштанашро муайян накарда, расонаҳои хабарӣ ҳангомаҳои бардурӯғ паҳн кардаанд, - изҳори нигаронӣ кард, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло.

Амонуллои Ҳукуматулло аз он, ки писараш ба Олмон рафтааст,  иқрор аст ва  иброз намуд, ки билети ӯ барои парвоз ба ин кишвар  аллакай як ҳафта  пеш омода буд. Ба замми ин барои ба кишвари хориҷӣ рафтан раводид лозим аст ва барои омода кардани ҳуҷҷатҳо аз як моҳ зиёд вақт сарф мешавад. Нусхаи билети парвози Расул ба Олмон дар Вазорати корои дихилӣ супорида шудааст.  Аз  ҳодисаи мазкур бошад,  сардори  корхона пас аз он, ки писарашро гусел карда, ба хона баргаштааст, огоҳ ёфтааст.

 «Агар воқеа соати 2 – шаб рух дода , писарам гунаҳкор бошад,  чаро то соати 8-и  парвози тайёра, яъне дар давоми 5 соат, аз мақомоти дахлдор  касе ба суроғаш наомад? Ин садама як муаммо шудааст, Дар сари чанбараки мошин ҳам қарор доштани Расул аз имкон берун аст. Бигузор ҳодисаро мақомоти дахлдор аз рӯи қоидаҳои амалкунанда санҷида, мӯйро аз хамир, коҳро аз дон ҷудо карда, гунаҳкор  ва  ҷазоро  муайян намоянд. Ман ҷонибдори ҳаққиқати баррасии ҳодиса мебошам» - гуфт Сардори Роҳи оҳан.

Сардори Роҳи оҳан ҳамчунин аз он нигарон аст, ки дар васоити ахбори омма овоза шудааст, ки «писари Ҳукумов се нафарро кушт».  - Ин куштор нест, садама аст. Куштор ҷиноят аст ва онро содир мекунанд, садама рух медиҳад, - гуфт А. ҳукуматулло.

  Шоҳидони воқеа низ тасдиқ кардаанд, ки билети сафари Расул ба Олмон як ҳафта пеш маълум буд ва гирифтани раводид  қариб як моҳ тӯл кашид. Худи ӯ бошад, шаби 9 октябр барои сафар омодагӣ медид,  Овозаҳои дар расонаҳо паҳншуда дар бораи  «гурезонданаш»  асоси воқеӣ надоранд. Дар сари чамбарак қарор доштанашонро низ шоҳидони воқеа  инкор мекунанд.

- Садамаҳои нақлиётӣ қариб ҳар рӯз рух медиҳанд вале ба ин дараҷа ҳангома бардоштан ба кадом мақсад аст? , - изҳор дошт А. Ҳукуматулло.

Тибқи маълумоти масъулини Раёсати Бозрасии давлатиии автомобилии  ВКД Тоҷикистон  танҳо аз 7 то 13 октябри соли равон дар роҳҳои мошингарди кишвар 26 садамаи  роҳу  нақлиётӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо 8  нафар ба  ҳалокат расида, 28  нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳо  бистарӣ гардидаанд. Аз  аввали сол бошад дар 1116 садама 354  нафар ҷон бохтаву 1236  нафар захмӣ шудааст.

Сардори роҳи оҳан мегӯяд, ки шояд ин кирдори касоне бошад, ки ғарази шахсӣ дошта бошанд. - Ман талабгори ягон мансаби баланд нестам, ки бо ин рафтор маро дар назди роҳбарияти давлат ва халқ сиёҳ кунанд, мақсади ман танҳо хизмати софдилона ба халқу ватан, обод кардани як гушаи кишвар аст. Чун роҳбари як корхонаи калон ободии кишварро дар ободии коргоҳам мебинам ва баҳри пешрфти кор аз тамоми имконот истифода мекунам, - гуфт Амонуллои Ҳукуматулло.

Барҳақ пешравии кор дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имрӯз аён ба чашм мерасад. Аз рӯзе, ки Амонуллои Ҳукуматулло  сари роҳбарии  Роҳи оҳан омад, корхона дар назди роҳҳои оҳани дигар кишварҳо ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллар қарздор буд. Имрӯз бошад, роҳҳои оҳани ҳамаи кишварҳое, ки қатора аз сарҳадашон мегузарад, ширкатҳои зиёди хусусӣ ва давлатии ватаниву хориҷӣ дар назди Роҳи оҳани Тоҷикистон зиёда аз 14,6 ҳазор доллар қарздоранд. КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” яке аз  корхонаҳои азим ва андозсупорандааст,  ки  ҳамасола ба буҷаи давлат зиёда аз 200 миллион сомонӣ андоз месупорад. Коргаронаш аз ҳама зиёд маош гирифта, меҳнати ҳар коргар бо мукофотҳои пуливу молӣ қадр карда мешавад.

Барои коргарони корхона тамоми шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Кормандони фаъол ва мутахассисони варзида, ба замми маоши хубу мукофот бо манзили истиқоматӣ низ таъминанд.

Барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар қатораҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ  парки вагонҳо нав гардида, дар давоми ду соли охир 416 вагони нав харида шуд, ки аз онҳо 16 тоаш мусофирбарианд, ҳамчунин 7 тепловози наву замонавии гуногунтамға  ва 1 вагон - ресторан харида, зиёда аз 764 вагон аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ барварда шуданд.

Имрӯз 81 нафар ҷавонон аз ҳисоби Роҳи оҳани Тоҷикистон дар макотиби олии роҳи оҳани шаҳрҳои Москва ва Харков таҳсил мекунанд. Аз соли 2004 то ба имрӯз 99  нафар баъди хатми мактабҳои олии ин шаҳрҳо ба ватан баргашта, дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бо ҷои кор ва 23 нафарашон бо манзили зист таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин дар  ҳар як иду маърака роҳиоҳанчиён бо маҳсулоти ғизоӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии коргоҳ таъмин мегарданд, ки нисбат ба нархи бозор 30 фоиз арзонтар аст.

Дар давоми 5 соли охир 2 бинои 9 ошёна, 1 бинои 10 ошёна  аз ҳисоби корхона сохта ба истифода дода шудаанд, ки имрӯз роҳиоҳанчиён дар онҳо зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин сохтмони чандин иншооти хурду бузург аз ҳисоби маблағҳои Роҳи оҳан идома доранд, сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз ҷумлаи онҳост.

Аз ин дастовардҳо бисёр метавон гуфт, вале мақсад сафед кардани касе нест. Дар ҳақиқат ин марди созанда ҷиҳати ободии соҳаи роҳи оҳан заҳматҳои зиёд ба харҷ дод. Вале аз он ки писараш муҷрими садама шудааст, инро дастак карда, дар ҳаққи ӯ ҳар гуна суханҳои дурӯғ бофта гуфтан аз рӯи адолат нест.

Касе намехоҳад, ки фарзандаш боиси сархамии ӯ бошад. Гап сари он аст, баъзеҳо аз  роҳбарон танҳо ҷурму камбудӣ меҷуянд. Хислати тангназарӣ, ҳасад, айбҷӯӣ хоси чунинҳост. Магар фарзанди роҳбарон гирифтори садама, беморӣ ё фалокати дигар намешаванд? Чаро аз ин ҳангома барпо карда, ба шахсияти як нафар расида, ӯро сиёҳ мекунанд? Чаро бехабар аз асли воқеа ва натиҷагирии мақомоти марбута табли бӯҳтону ҳангома мезананд? Бояд сабр кард ва ҳақиқат рӯ хоҳад зад.