Зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи далели садамаи нақлиёти шоми рӯзи 9-уми октябр дар пойтахт бо иштироки Расул Амонуллои 16-сола, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву се тани дигар ҷароҳат бардоштанд, падару модари ӯ – раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло ва ҳамсараш ба бозпурсӣ даъват шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, айни замон барои дақиқ муайян намудани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур як қатор экспертизаҳо таъин карда шудаанд. «Аз ҷумла, экспертизаи автотехникӣ-трассологӣ, суддӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва наворшиносӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ, автотехникӣ таъин карда шуда аст, ки пас аз гирифтани хулосаҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул менамояд», - зикр мегардад дар иттилои вазорат.

Ба иттилои ВКД, худи навраси гумонбаршуда низ мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Қаблан ВКД иттилоъ дода буд, ки вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умар чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, Амонуллои Ҳукуматулло ба гунаҳкор будани писараш дар ин садама бовар надорад . «Агар писари ман гунаҳкор бошад, бигузор конун дар ҳаққаш кадом ҷазое, ки раво бошад, бубинад, вале  мақомоти дахлдор гуноҳ доштанашро муайян накарда, расонаҳои хабарӣ ҳангомаҳои бардурӯғ паҳн кардаанд, - гуфт сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Амонуллои Ҳукуматулло аз он, ки писараш ба Олмон рафтааст,  иқрор аст ва  иброз намуд, ки билети ӯ барои парвоз ба ин кишвар  аллакай як ҳафта  пеш омода буд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.