Ҳаҷми зиёни расида ба қатораи самти Маскав-Душанбе то ҳол мавриди ҳисобу китоб қарор дорад, вале аллакай ҳозир дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тахмин мезананд, ки ҳаҷми зарар 1,5 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 300 $)-ро ташкил хоҳад дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба қатораи самти Маскав-Душанбе зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи Русия то ҳанӯз комилан анҷом наёфта, як комиссияи махсус то ҳол рӯйи дақиқан муайян кардани ҳаҷми зарар кор мекунад.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳудуди 22 метри мураббаъи шишаи тирезаҳои қатора осеб дида, аз ин рӯ, маблағи зиён ночиз аст ва худи корхона онҳоро бартараф намуда, ҷониби Русия уҳдадор аст, ки маблаги зарарро рӯйпӯш намояд», - гуфтанд дар корхона.
Дар шарҳи масъалаи мазкур аз корхона иттилоъ доданд, ки тартиби ҷуброни зарар тибқи асноди танзимкунандаи Шӯро оид ба нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва кишварҳои Балтика амалӣ мегардад, ки дар он гуфта мешавад, ҳаҷми зиёнро кишваре пардохт мекунад, ки дар қаламрави он чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, 8 вагони қатораи Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми октябр дар қитъаи роҳи оҳани ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бар асари корҳои таъмир дар ин қитъа ба садама дучор гардида буданд, таъмир ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. «Ин вагонҳо аллакай мавриди истифода қарор дошта, мо дигар ба Ӯзбекистон ҳеҷ даъвое надорем», - гуфтанд дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста