Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ вам Г)-и назди ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба оғози мавсими нави оббозӣ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад.

Сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар муроҷиатномаи қабулкардаи Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар зикр мегардад, ки бинобар сабаби ба таври назаррас гарм шудани обуҳаво, болоравии босуръати сатҳи об дар рӯдхонаҳо ба мушоҳида мерасад.

«Аз падару модарон даъват дорем, ки ба кӯдакон ва ташкили истироҳати онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба оббозӣ кардани онҳо дар каналу кӯлҳои чуқур ва дарёҳои кӯҳӣ роҳ надиҳанд», - қайд кард Нозимов.

Ба гуфтаи ӯ, давоми соли гузашта дар дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон 124 нафар шаҳрвандону меҳмонони кишвар ғарқ шуданд.