Ахири ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт ду нафар сокинони ноҳияҳои Рашт ва Ашт ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи қишлоқи Меҳнатобод ба самти шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт сокини ҳамин шаҳрак, ронандаи автомашинаи ГАЗ 53 Саидаброр Худойдодови 43-сола пиёдагарди ноболиғ Ҳилолӣ Маъдиеви 13-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ба ҳамин монанд дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ садамаи нохуши нақлиётӣ рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Ашт-Хуҷанд сокини маҳаллӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҳошим Ҷуманови 60-сола бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Барҳаёт Валиеви 23-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста