Шабонарӯзи ахир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 тан ҳалок ва 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лассати» Фаррух Мирзоеви 24-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аввал ба симчӯби назди роҳ  бархӯрда, сипас ба чуқурӣ сарозер меравад, ки дар натиҷа сокинони ноҳияи мазкур Ҷумъахон Давлатови 24-сола ва Аҳлиддин Шарифови 22-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи сабурави «Опел-Вектра» бо автомашинаи боркаши тамғаи «ЗИЛ» ронандаи автомашинаи сабурав, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Эркинҷон Бердиеви 38-сола ба ҳалокат расида, як мусофири он ҷароҳат бардоштааст.

Гуфта мешавад, дар роҳи мошингарди Душанбе – Данғара – Кӯлоб дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани автомашинаи тамғаи «БМВ-3181» таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Бахтиёр Имомалиев ва автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» таҳти идораи сокини 46-солаи ноҳияи Данғара Давлатманд Азизов ду нафар – ронандаи «ВАЗ-2107» ва мусофири «БМВ» ба ҳалокат расида, ронандаи «БМВ» бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шудааст.