Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷустуҷӯи корманди аз рӯзи 29-уми июл бедаракшудаи филиали «Ориёнбонк» дар шаҳри Хоруғ Меҳралӣ Назаралиев идома медиҳанд.

Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Назаралиев каме дуртар аз деҳаи Ёмҷи ноҳия бо сабабҳои алҳол номаълум бедарак шуда, дар ин бора автомашинаи партофтаи ӯ дар соҳили дарёи Панҷи назди ин деҳа гувоҳӣ медиҳад. «Айни замон ҳам хешону наздикон ва ҳам кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба ҷустуҷӯи ӯ машғуланд», - гуфтанд дар шуъбаи ноҳиявии ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, дар автомашинаи партофтаи Назаралиев 800 сомонӣ, 700 доллари ИМА ва телефони ҳамроҳ (мобилӣ) дарёфт шуда, ҳамчунин наздикони ӯ ҷиҳати муайян намудани робитаҳои ахираш, ба кормандони мақомот ноутбуки шахсии ӯро низ додаанд.

«Тибқи гуфтаҳои хешону ҳамкорон ва шиносҳои Назаралиев, қаблан ӯ аз хоҳараш, ки дар Маскав кор мекунад, барои нигаҳдорӣ дар бонк 52,7 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифта, вале аз ин миқдор дар бонки фаъолиятдоштааш ҳамагӣ 16 ҳазор долларашро амонат гузоштааст. Маблағи боқимондаро бо фоиз ба шиносҳояш додааст. Чанде қабл хоҳараш бинобар сабаби зарурати таъҷилӣ баргардонидани маблағро дархост намудааст. Хешовандони Назарлиев бар ин назаранд, ки бедаракшавии ӯ маҳз ба ҷараёни ҷамъоварии ҳамин маблағҳо марбут аст», - иброз дошт ҳамсуҳбат.

Дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шуғнон таъкид намуданд, ки ному насаби шахсонеро, ки Назаралиев ба онҳо маблағи пулӣ қарз додааст, хешону наздикон ва ҳамкорони ӯ намедонанд. «Назаралиев бедаракшуда эълон гардида, ҷустуҷӯи ӯ идома меёбад», - қайд карданд дар шуъба.

Зимнан зикр гардид, ки воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар бораи бедаракшавии М.Назаралиев огаҳ карда шудаанд.