Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Спиатмени вилояти Суғд 4 нафар аъзои як оила ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, садама шоми рӯзи сешанбе дар роҳи мошингади Душанбе – Хуҷанд рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо» Сайфиддин Назарови 45-сола, сокини ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи «КАМАЗ» бармехӯрад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Муссо» Шарифова Меҳрӣ, соли таваллудаш 1975, сокини н.Айнӣ (ҳамсари ронанда) ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда Назаров С. ва фарзандони ноболиғаш Ҳомиди Сайфиддин соли таваллудаш 2001 ва Холбибии Сайфиддин соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.