Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як оилаи ҷавон аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда сокини 22-солаи ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов Умед Хӯҷамастов ва ҳамсари 21-солаи ӯ Гита Муъминова дар манзили худ аз дуди ғализи ангишти оташдон заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Аз оғози мавсими сармо дар вилояти Суғд аз дуди ғализи ангишт аллакай 5 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон ноболиғонанд. Рӯзи 8-уми ноябр дар ҷамоати Дардари ноҳияи Айнӣ бо ин сабаб духтарчаҳои 3 ва 1-сола ҳалок шуда буданд.

Қурбонии аввал санаи 30-юми октябр ба қайд гирифта шуд. Дар ин рӯз сокини 40-солаи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен Дуилрабо Насруллоева низ аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расида буд.