Ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шаби гузашта дар хонаи иҷораашон кушта шуданд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои»Озодӣ» бо истинод ба мақомоти умури дохилаи шаҳр хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур донишҷӯи ҳамин донишгоҳ боздошт шудааст.

Донишҷӯёни кушташуда Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров дар курси сеюми факултаи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таҳсил доштаанд. Онҳо зодагони маҳаллаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардаанд.

Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят зодаи ноҳияи Темурмалик, донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ Амирхон Ҳотамов боздошт шудааст.

Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шарофат Худойдодова ба радиои «Озодӣ» дар ин робита иттилоъ додааст, ки куштор дар хонаи шумораи 23, дар маҳаллаи Борбади ҳамин шаҳр рух додааст ва ҳар ду донишҷӯи кушташуда муҳассилони ин донишгоҳ буданд.

Ба гуфтаи мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб, Амирхон Ҳотамов дар дорухона ба ҳайси посбон фаъолият намуда, шабҳо он ҷо мемонадааст. Шаби гузашта ӯ назди Наврӯз ва Ҳокимхон омада, дар бом ҳамроҳ кафтар меқапанд ва сипас хӯрок пухта, шароб менӯшанд, ки дар натиҷа муноқиша сар мезанад.

«Дар ибтидо Амирхон бо корд ба зери манаҳи яке аз онҳо мезанад ва дигарӣ барои халос кардани ҳамутоқи худ меравад, ки ӯ низ мавриди ҳамла қарор мегирад. Вақте ҳар ду маҷруҳ мешаванд, Амирхон мехоҳад, ки онҳоро ба бемористон барад, аммо онҳо дар берун аз бино ҷон медиҳанд», - омадааст дар хабари радиои «Озодӣ».

Гуфта мешавад, донишҷӯён муддати се моҳи ахир ин хонаро ба иҷора гирифта будаанд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, дар ин манзил 6 нафар иқомат доштаанд, вале алҳол маълум нест, ки сокинони дигари хона дар куҷо будаанд.

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки ҳамакнун дар мавриди ин ҳодиса парванда боз шуда ва таҳқиқот оғоз шудааст.