Бар асари садамаи нақлиёте, ки чанде қабл дар шаҳри Хоруғ рух дод, се нафар ҳалок ва боз ду нафари дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, наздики шоми рӯзи 16-уми декабр ҳангоми  ҳаракат бо  роҳи  автомобилгарди  деҳаи Тем ба самти шаҳри Хоруғ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-200», сокини 55-солаи ҳамин шаҳр Искандар Хӯҷамриев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба симчӯби бетонии чароғакҳои равшанидиҳанда бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ин бархӯрд худи ронанда ва 2 нафар мусофирони автомашина ба ҳалокат расида, боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.