Шоми рӯзи 23-юми декабр зимни ҳаракат дар хиёбони Айнӣ (аз тарафи кӯчаи Ховарон) ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2101», сокини 46-солаи пойтахт Дилшод Шарифов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар толибилмон, бародару хоҳарон Шораҳматовҳо – Умеди 11-сола ва Шукронаи 7-соларо бо автомашинааш пахш намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар роҳ ба бемористон Умед ба ҳалокатрасида, Шукрона бо ҷароҳатҳои сершумор таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он аз 1 то 3 баробар афзудани маблағи ҷаримаҳо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудааст.