Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Насимҷон Ҷӯраеви 45-сола ба гумони даст доштан дар ҷинояти куштор боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Н.Ҷӯраев пеш бо моддаи 135 Кодекси ҷиноятии ҶТ (таҳрири соли 1961) суд шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда шоми санаи 19-уми январ дар хонаи истиқоматиаш ба собиқ ҳамсараш Назира Ҷӯраеваи 42-сола, сокини шаҳри Қайроққум бо истифодаи силоҳи шикории тамғаи “ИЖ”, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба рӯяш 2-маротиба тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа шаҳрванд Ҷӯраева Н.А., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.