Тайи шабонарӯзи ахир дар вилояти Суғд се ҳодиса худкушӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии вилоят иттилоъ дод, ин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Ашт рух додаанд.

«Ҳамин тариқ, модари 34-солаи як фарзанд, модари 46-солаи 4 фарзанд ва падари 4 фарзанд дар манзилҳои худ даст ба худкушӣ задаанд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон сабабҳои ба ин амал даст задани фавтидагон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.