Субҳи имрӯз бар асари садамаи нақлиёт дар километри 64-уми роҳи мошингарди Душанбе - Чанок як нафар ба ҳалокат расид.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти филиалаи Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ҷони худро аз даст додааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи мазкур ба ширкати «Газпром» мутааллиқ буда, ба кашонидани маводи сӯзишворӣ машғул будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба ин, филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ аз кулли ронандагон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми ҳаракат  эҳтиёткор бошанд.