Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода даст ба худкушӣ зада, худашонро аз ҷарии баландиаш тахминан 100 метр ба поин партофанд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, субҳи рӯзи 7 июн ҷавони 20-сола ва духтари 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия, аз сабаби оне, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо бо сабаби ҳанӯз ноболиғ будани духтар розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, ҳардуяшон даст ба даст карда, худашонро ба ҷарии баландиаш тахминан 100-метр партофтаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста