Ҳавопаймои ширкати Tajik Air баъди 20 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Душанбе, бозгашта ба фурудгоҳи пойтахт нишаст. Ин нишасти маҷбурӣ ҳанӯз рӯзи ҷумъа, 17 июн сурат гирифта, аммо танҳо имрӯз аз мусофирони ҳавопаймо дар ин бора хабар расид.
Котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Лола Кенҷаева бозгашти ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Екатеринбургро, ки соати 19-28 раҳсипор шуда буд, чунин шарҳ дод, ки ҳавопаймо бинобар сабабҳои мушкилотии техникӣ, бозгашта ба фурудгоҳ нишастааст.
«Тибқи қоидаҳои ширкати ҳавопаймоӣ, дар сурати ошкор гардидани ноҷӯриҳои техникӣ дар фазо зимни парвоз, барои таъмини амнияти мусофирон бояд ҳавопаймо ба фурудгоҳ шинонида шавад. Ҳавопаймои мазкур парвозро идома дода метавонист, вале ҳайати халабонҳо тасмим гирифтанд, ки ба фурудгоҳ баргарданд. Мусофирон бо ҳавопаймои дигар ба Екатеринбург раҳсипор гардиданд», - гуфт номбурда.
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста