Тибқи иттилои маркази матбуоти ширкати «IRS», санаи 22 июни соли равон дар километри 55-уми шоҳроҳи Душанбе - Чанок садамаи нақлиёт рух додааст.
Бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» ба автомобили боркаши тамғаи «Мерседес» бархӯрд, ки дар натиҷа 3 нафар - ронанда ва 2 мусофири автомашинаи тамғаи «Опел» ба ҳалокат расиданд.
Аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Тоҷикистон ба маҳалли он омада, чораҳои дахлдорро андешиданд.
«Арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва расму оинҳои миллӣ аз мадди назари мо дур набуду нест. Мо дар ҳама ҳолат мусибати ҳар як фарди Тоҷикистон, аз ҷумла ҳалокати ин нафаронро чун мусибати худ қабул намудаву бо пайвандон ва аҳли оилаи онҳо ғамшарикем. Дар ин росто, аз кулли ронандагон даъват ба амал меорем, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд. Зеро тамоми ибтикороти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон маҳз ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон нигаронида шудааст», - гуфта мешавад дар хабари ширкат.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста