Директори генералии ширкати «Дм лифт»-и шаҳри Душанбе Д.Шоев барои носозии кори лифт дар бинои навсохти баландошёнаи пойтахт дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Дар номаи расмии директори Хадамоти бехатарии корҳо дар истеҳсолот ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо дар робита ба нашри мавод доир ба ин ҳодиса дар «Азия-Плюс» қайд мешавад, ки директори ширкат барои риоя накардани муқаррароти моддаи 405-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ дар ҳаҷми 50 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки сокинони ин манзил муддати як сол оид ба хизматрасонии лифт бо ҶДММ «ДМ Лифт» қарордод набастаанд. Бо тасдиқи ин маълумот Д.шоев изҳор намуд, ки маблағи хизматрасонии лифт 400 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад, вале сокинони хона аз ин хизматгузорӣ даст кашидаанд.
«Ин лифти замони шӯравӣ нест, ки онро мустақилона таъмир намоӣ. Ин ҷо нигоҳубину хизматрасонии мунтазам аз ҷониби мутахассисони ширкат зарур аст, ки бо истифодаи начандон нодурусте ҳам механизмҳояш аз кор баромада метавонанд. Ин дафъа ҳам чунин ҳолат рух дод. Таноби лифт канда нашудааст, дар ин ҳолат носозӣ ба вуҷуд омада, лифт босуръат аз ошёнаи якум поинтар фаромадааст. Хушбахтона, касе осеб надидааст», - шарҳ дод ҳодисаро Шоев.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки субҳи рӯзи 19 июн дар яке аз манзилҳои навсохти баландошёнаи шаҳри Душанбе лифти он канда шуд, ки дар дохили он занон ва кӯдакони хурдсол қарор доштанд.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста