ВКД боз аз як мавриди дигари ташкили фоҳишахона аз сӯйи як зани дигар хабар медиҳад. Дар ду ҳафтаи моҳи январи соли 2021 ин севумин мавридест, ки ин ниҳод аз боздошти занони гуногун бо гумони ташкили фоҳишахона иттилоъ ба нашр мерасонад.
Бино ба иттилои ин ниҳод кормандони пулис дар Истаравшан зани 41-солаи сокини ҷамоати Сабристон ин шаҳро бо гумони ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона дастгир кардаанд.
“Номбурда, 5-уми январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-мегӯяд ВКД.
Инчунин ба иттилои ин ниҳод ин зан 9-уми декабри соли 2020, ба ҷавони 21 ва зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр барои ҳамин кор шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст.
Ҳоло ВКД дар баробари ин зан бар асоси моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста