Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 6 сентябр маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Каритас Интернационалис дар ҶТр мавриди татбиқи лоиҳаи Каритас – расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз бодлеси замин (эрозия), ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷомӣ рух дода буд, баргузор шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, муоҳадаро Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ва директори Каритас Интернационалис дар Тоҷикистон ҷаноби Ёрмуҳаммад Холов имзо карданд.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи санади имзошуда Caritas Internationalis ба 30 хонаводаи зарардидаи ноҳияи Ҷомӣ аз бодлеси замин (эрозия) барои беҳтар кардани шароити зист, таъмин бо оби нӯшокӣ, ҳолати беҳдоштӣ, ҳамчунин боло бурдани донишҳо ва малакаҳои сокинон дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ кумак дарёфт мекунанд.
Гуфта мешавад, қарор аст то моҳи феврали соли 2022 ин Созишнома амалан татбиқ шавад.
Ёдрас мекунем, ки 7 майи соли равон дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ бар асари боришоти шадид ва фурӯ рафтани қитъаи замин 15 нафар хонаводаҳои ин маҳал бесарпаноҳ монда, барои онҳо хаймаҳои муваққатии зист сохта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста