Кормандони мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Душанбе як ҷавони 18 сола ва як нобилиғи 17-соларо дар дуздии телефони “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста, дастгир кардаанд.
Тавре давфтари матбуотии ВКД менависад, онҳо соати 02:00 шаби 5- 6 декабри соли 2021 ба хонаи иҷораи як ҷавони 19 сола дар шаҳри Душанбе даромада, телефон ва маблағи пулиро дуздидаанд.
- Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуданд,- менависад ВКД.
Ҳамчунин ВКД аз содир шудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла захмӣ шудани як ҷавони 20-сола аз сӯйи як ҳамсолаш дар шаҳри Ваҳдат ва бо роҳи қаллобӣ фурухтани автомашинаи мерседеси як сокини Душанбе аз сӯйи як марди 42-солаи дигари Душанбе низ хабар медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста