Як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад КҲФ ҶТ.

Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 23 октябр рух додааст.

"Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карданд", - афзудааст манбаъ.

Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дар остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳҳои доруворӣ фиристодани ноболиғон хатар ба ҷони онҳо дорад.

Кумита танҳо фиристодани як духтари ҷавон барои чорвочаронӣ ба кӯҳро, бемасъулиятӣ унвон кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.