Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои ҳалокати муҳоҷир аз Тоҷикистонро дар майдони сохтмони наздикии шаҳри Санкт-Петербург таҳқиқ мекунанд. Ҳодиса дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград рух додааст, хабар медиҳад "Петербургская газета".

Ҷасади бинокори ҷавонро ҳамкоронаш дарёфт карда, мақомоти пулис ва ёрии таъҷилии тиббиро ба ҷойи ҳодиса даъват кардаанд. Табибон марги ҷавонро муайян кардаанд.

Тибқи маълумоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хабар дар бораи дарёфти ҷасади коргар дар ошёнаи чоруми сохтмони бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Мурино шоми рӯзи 6 ноябр ба шуъбаи навбатдорӣ расидааст.

Мақомоти пулис дар ҷойи ҳодиса муқаррар кардаанд, ки марди ҳалокшуда шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мебошад, ки пас аз афтидан аз баландӣ ба чоҳ (шахта)-и лифт ҳалок шудааст.

“Барои муайян кардани сабабҳои марг ҷасад ба сардхона (морг) фиристода шуд. Аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида мешавад. Ҳолатҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешаванд”, - хабар додаанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба иттилои бархе аз ВАО-и маҳаллӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор дар майдони сохтмони маҷмааи истиқоматии “Лампо” - иншооти мушкилдори ширкати “Петрострой” рух додааст. Айни замон идомаи сохтмони ин бино аз ҳисоби маблағи Фонди кумак ба саҳмгузорони фиребхӯрда ҷараён дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.