Ба сафорати Тоҷикистон дар Русия дархост расидааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ, миёни 7 нафар ҳалокшудагон бар асари сӯхтор дар шаҳри Маскав 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

“Лекин ин маълумоти пешакии ҷониби Русия аст. Айни замон ҷиҳати дақиқан муайян кардани маълумоти мазкур мо бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ дорем. Вақте шахсияти 1 тан аз ҳалокшудагон, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданашро аз эҳтимол дур намедонанд, муайян шуд, огоҳ мекунем”, - гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, байни 7 нафар фавтидагон ҳангоми сӯхтор дар анбори гулҳои майдони Комосомолская дар маркази Маскав 1 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон ва 5 тани дигар шаҳрвандони Русия будаанд.

Айни замон ҷиҳати маълум кардани шахсияти фавтидагон ташхиси судӣ-тиббӣ таъин шудааст.

Сӯхтор дар як бинои майдони Комсомолская рӯзи якшанбе, 20 ноябр рух дода, оташ майдони 2,5 ҳазор метри мураббаъи анбори хиштро фаро гирифтааст. Сабаби сӯхтор вайрон будани дастгоҳи барқии гармкунӣ ва реҷаи садамавии кори шабакаи барқ унвон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.