Мақомоти пулиси Стоктон (шаҳре дар Калифорния, ИМА) гумонбар ба куштори тоҷикистонӣ Илҳом Шодиевро ба ҳабс гирифт. Ӯ рӯзи 15 июн паронида шуда буд.
Тавре ки дар Twitter-и мақомоти пулиси Стоктон хабар дода мешавад, муфаттишон Эндрю Кристофер Уотсони 29-сола, сокини Мантекро боздошт кардаанд.
“Аз рӯи ин парванда чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ боздошт шудааст.
“Дар давоми ҳафтаи дигари пас аз куштор муфаттишон барои муайян кардани автомашинае, ки аз он тирпаронӣ шуда буд ва гумонбари ин кор, аз сабти камераҳои назоратӣ, нишондодҳои шоҳидон ва кумаки ҷомеа истифода бурданд. Баъдан санади ҷустуҷӯ таҳия гардида, субҳи 24 июн Уотсон боздошт шуд”, - омадааст дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки ронандаи автомашинаи боркаши Amazon, зодаи Тоҷикистон Илҳом Шодиев пас аз тирпаронӣ дар шоҳроҳи автомобилгард дар шаҳри Латропи Калифорния (ИМА) ба ҳалокат расид. Ҳодиса рӯзи 15 июн рух дода буд.
“Бар асари тирпаронӣ мошини боркаш бо ядак (притсеп) аз зери идора баромада, аз роҳ берун рафт ва ба ду мошини дар таваққуф қарордошта ва бинои маъмурӣ бархӯрд. Ронанда аз силоҳи оташфишон захм гирифта, ба бемористони ҳавзаи Сан-Хоакин интиқол дода шуд ва дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расид”, - шарҳ дода мешавад дар хабари мақомоти пулиси Стоктон.
Қобили зикр аст, ки Илҳом Шодиев соли 2018 пас аз дарёфти корти сабз (грин-карта) ба Амрико муҳоҷират карда, ба ҳйфси ронандаи мошинҳои боркаши ҳамлу нақли бор ба масофаҳои дароз кор мекард. Ӯ ҳамсар ва ду фарзанди хурдсол дошт.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста