Субҳи имрӯз, 31-уми август, дар бозори тахтаи шаҳри Ҳисор сӯхтор сар задааст. Дар ин бора аз Хадамоти оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шуда, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.
“Дар масоҳати 400 метр чӯбу тахтаҳо оташ гирифтаанд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол маълум нест, оқибатҳои он бартараф шуда истодааст ва дар ин робита корҳо идома доранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дар навори алҳзаи оташгирии бозор, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки масоҳати зиёди тахта дар коми оташ аст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки алангаи оташ чунон баланд буд, ки оташфишонҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ба кӯмак омадаанд.
Аз Хадамоти оташнишонӣ дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештар надоданд ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки оташ кай хомӯш гардид.
Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.
Тобистони соли гузашта, бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтари маркази вилояти Хатлон оташ гирифт. Дар пайи ин сӯтор як соҳибкори 52-сола ба ҳалокат расид ва 11 тани дигар захм бардошта буданд.
Он замон сабаби сухтор хатҳои барқи ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3" гуфта мешуд.
Ҳаҷми сӯхтор 1,2 ҳазор метри мурабаъро фаро гирифта ба соҳибкорону соҳибмулкони бозор 3,2 миллион сомонӣ зарар расонда буд.
Моҳи декабри соли гузашта дар бинои ҶДММ “Шарқ”, ки дар дохили бозори Панҷшанбе воқеъ аст, сар зада, 17 мағозаро фаро гирифта буд. Дар пайи сӯхтор 75 метри мураббаъи ин бозор ба коми оташ рафт.
Солҳои пешин, "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе Бозори ноҳияи Фархор ҳам оташсӯзии бузургеро аз сар гузаронд ва садҳо ҳазор доллар зиён дид.
Мақомот баъд аз чунин ҳодисаҳо ба тоҷирон ваъдаи сабукӣ медиҳанд, вале шикоятҳо зиёданд, ки ин ваъдаҳои мақомот барои кӯмак дар барқарории бозору ҷуброни хисорот иҷро намешаванд.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста