Рӯзи 22 май дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як шаҳрванди хориҷӣ ғарқ шуд. Ҷасади ӯ пас аз якчанд соати ҳодиса аз ҷониби имдодгарон дарёфт шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандии хориҷии фавтида донишҷӯи 25-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз Ҳиндустон будааст. Ҷасади ӯ ба ихтиёри кормандони милитсия супурда шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳодиса дар вақти истироҳату дамгирӣ ва оббозии як гурӯҳи донишҷӯён рух додааст.

“Ба гуфтаи дӯстони донишҷӯ, ӯ бар асари беэҳтиётӣ ғарқ шудааст, - хабар медиҳад манбаъ. - Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ӯро пайдо ва аз об берун гирифтанд”.

Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуши дигар дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст.

“Рӯзи 22 май сокини 30-солаи шаҳри Бӯстон ҳангоми истироҳат дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар Гулистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гидросикл афтода, ғарқ мешавад. Имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷустуҷӯ пардохта, лекин он ҳоло бенатиҷа аст. Имрӯз корҳои ҷустуҷӯ барқарор карда шуданд”, - хабар медиҳад КҲФ.

Кумита бори дигар хотиррасон мекунад, ки мавсими оббозӣ ҳоло оғоз нагардидааст ва аз шаҳрвандону меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, то ки минбаъд чунин ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.